БОЗЁФТИ ПИНҲОНГОҲИ АСЛИҲА
Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Аз ҷониби кормандони раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД ҶТ дар якҷоягӣ бо кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳудуди ҷамоати Султонобод шаҳрванд Маҳмудхон Икромов, соли таваллудаш 1969, истиқоматкунандаи ҷамоати номбурда дастгир карда шуд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ як адад яроқи тамғаи ТОЗ – 8 дарёфт ва мусодира карда шуд. Мувофиқи маълумоти раёсати ташхиси криминалии ВКД ин яроқ коршоям буда, метавонист ҳодисаи нохуш рӯй диҳад. Нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






