БУНЁДИ ИНШООТҲОИ СОХТМОНИИ НБО- И РОҒУН

Март 5, 2010 16:19

Роғун, 5 март.(АМИТ»Ховар»Зебо Давлатова) -тавре ,ки сардори бахши сохтмонии шаҳри Роғун Музаффар Абдиев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод,имрузҳо зиёда аз 50 ташкилотҳои сохтмонии хурду миёна дар ҳудуди шаҳр ва аз дигар гӯшаю канори ҷумҳӯрӣ бо теъдоди 6941 нафар коргарон ва 615 адад мошину механизмҳо,аз аввали соли  ҷорӣ дар тамоми  иншоотҳои сохташавандаи НБО – и Роғун корҳои сохтмонию васлгариро,тавассути пудратчии генералии ЧСНК «Роғунгэстрой» ва дигар паймонкорон ба маблағи 431052,4  ҳазор сомонӣ иҷро намуданд, ки 386033,7 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмониашро корҳои сохтмонию васлсозӣ ташкил медиҳад.Аз он ҷумла,корҳои сохтмонию барқароркунии НБО – и  Роғун  372074,8 ҳазор сомонӣ, харид намудани таҷҳизот 6095,6 ҳазор сомонӣ,корҳои лоиҳакашӣ,тадқиқотӣ ва нигоҳдорӣ  19775,5 ҳазор сомонӣ,минтақаи зериобшаванда 30030,9 ҳазор сомонӣ ва иншоотҳои инфрасохтории шаҳр (5- иншоот) 3075,6 ҳазор сомонӣ иборатанд.Сардор  афзуд, ки дар сатҳи мақомоти маҳаллӣ оид ба иҷрои корҳои таъмирию барқароркунӣ ва азнавсозӣ ҳамагӣ 9700,5 ҳазор сомонӣ маблағ  пешбинӣ шуда буд.Соли 2009 аз тарафи пудратчиён ба маблағи 3833,1 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардиданд, ки 3239,3 ҳазор сомониаш ба маблағҳои буҷаи маҳал рост меояд.

Март 5, 2010 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд