БУНЁДИ ИНШООТҲОИ СОХТМОНИИ НБО- И РОҒУН
Роғун, 5 март.(АМИТ»Ховар»Зебо Давлатова) -тавре ,ки сардори бахши сохтмонии шаҳри Роғун Музаффар Абдиев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод,имрузҳо зиёда аз 50 ташкилотҳои сохтмонии хурду миёна дар ҳудуди шаҳр ва аз дигар гӯшаю канори ҷумҳӯрӣ бо теъдоди 6941 нафар коргарон ва 615 адад мошину механизмҳо,аз аввали соли ҷорӣ дар тамоми иншоотҳои сохташавандаи НБО – и Роғун корҳои сохтмонию васлгариро,тавассути пудратчии генералии ЧСНК «Роғунгэстрой» ва дигар паймонкорон ба маблағи 431052,4 ҳазор сомонӣ иҷро намуданд, ки 386033,7 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмониашро корҳои сохтмонию васлсозӣ ташкил медиҳад.Аз он ҷумла,корҳои сохтмонию барқароркунии НБО – и Роғун 372074,8 ҳазор сомонӣ, харид намудани таҷҳизот 6095,6 ҳазор сомонӣ,корҳои лоиҳакашӣ,тадқиқотӣ ва нигоҳдорӣ 19775,5 ҳазор сомонӣ,минтақаи зериобшаванда 30030,9 ҳазор сомонӣ ва иншоотҳои инфрасохтории шаҳр (5- иншоот) 3075,6 ҳазор сомонӣ иборатанд.Сардор афзуд, ки дар сатҳи мақомоти маҳаллӣ оид ба иҷрои корҳои таъмирию барқароркунӣ ва азнавсозӣ ҳамагӣ 9700,5 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ шуда буд.Соли 2009 аз тарафи пудратчиён ба маблағи 3833,1 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро гардиданд, ки 3239,3 ҳазор сомониаш ба маблағҳои буҷаи маҳал рост меояд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






