ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МАТБУОТ
Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- 11 марти соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар театри давлатии академии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор мегардад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, чорабинии мазкурро Вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ оғоз бахшида, ба гурӯҳи рӯзноманигорон барои беҳтарин силсиламақолаҳо, китобҳои беҳтарин мукофотҳои Вазорати фарҳанг, аз ҷумла — нишони сарисинагии «Аълочии матбуот», «Аълочии фарҳанг» ва ифтихорномаҳо тақдим хоҳад кард. Инчунин, дар ин ҷамъомад намоиш ва фурӯши китобҳои нашрнамудаи нашриётҳои тобеи Вазорати фарҳанг доир мегардад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






