ДӮКОНРО ОТАШ ЗАДАНД
Душанбе, 22 март. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Ҳафтаи сипаришуда дар миқёси ҷумҳурӣ 11 сӯхтор рух дод, ки зарари умумии молии онҳо 15 ҳазору 340 сомониро ташкил медиҳад. Тибқи иттилои корманди маркази матбуоти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ҶТ, масоҳати умумии сӯхторҳо 1 495 метри мураббаъ мебошад. Чун ҳарвақта сабабҳои рух додани сӯхтор муносибати беэҳтиётона бо оташ, вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сўхтор ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ ва газӣ ва расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошанд. Дар давоми ҳафта дар вилояти Суғд – 2 сӯхтор, вилояти Хатлон – 5 сӯхтор, шаҳри Душанбе – 2, шаҳри Роғун – 1 ва ноҳияи Ҳисор — 1 сӯхтор ба қайд гирифта шуд. Аз ҷумла, шахсони номаълум 17 марти соли равон дӯкони қисмҳои эҳтиётии тракторҳоро дар ноҳия Ҳисор оташ заданд. Дӯкони мазкур ба соҳибкор Субҳон Носирови 43 сола тааллуқ дорад. Ҳангоми сӯхтор дар масоҳати 21 метри мураббаъ қисми зиёди молҳои дӯкон сӯхта корношоям гардиданд. Мувофиқи ҳисоби пешакӣ зарари сӯхтор 1 500 сомониро ташкил медиҳад. Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






