ДАР СУҒД ЧӢ ҚАДАР САҲМИЯҲОИ «РОҒУН» ХАРИДОРӢ ШУД?
Душанбе, 30 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — То санаи 29 март дар қаламрави вилояти Суғд ба маблағи беш аз 192 млн. сомонӣ саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» фурӯхта шуд. Дар ин бора зимни ситоди навбатии «Суғд барои НБО «Роғун», ки бо иштироки раисони шаҳру навоҳӣ ва роҳбарони як қатор ташкилоту идораҳои сатҳи вилоятӣ, таҳти раёсати раиси вилоят Қоҳир Расулзода баргузор гардид, иттилоъ дода шуд. Дар ин ситод аслан масъалаи ҷараёни фурӯши саҳмияҳои НБО-и «Роғун» дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд ва дуруст ба роҳ мондани ташкилу фурӯши саҳмияҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Қоҳир Расулзода баҳри пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва фурӯши саҳмияҳо дар тамоми қаламрави вилоят дастуру супоришхои махсус дода, бунёди НБО «Роғун»-ро рушди босуботи тамоми соҳоти хоҷагии халқи ҷумҳурӣ маънидод кард.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






