ДАРГУЗАШТИ ЖУРНАЛИСТИ ВАРЗИДА

Март 29, 2010 15:41

          Соҳаи  журналистикаи тоҷик  талафоти  калон  дод.  27  марти  соли равон  сармуҳаррири  Агентии  миллии  иттилоотии  «Ховар» — и  назди  Ҳукумати  ҷумҳурӣ  Виктор  Алексеевич  Козлов  баъди  бемории  вазнин  ва дуру  дароз  дар  сини 53 —  солагӣ  вафот  кард. Виктор  Козлов  соли  1957  дар  шаҳри  Ленинград  таваллуд  шудааст.  Ӯ  соли  1979  Донишгоҳи давлатии  Ленинградро бо  ихтисоси  шарқшинос   хатм  намуд. Номбурда  забонҳои англисӣ,  арабӣ,  фаронсавӣ,  форсӣ ва  испониро   хеле  хуб  медонист. В.Козлов  аз  соли  1980 то  соли  1984  дар  Академияи  илмҳои  ҶШС  Тоҷикистон   кор  кардааст.  Ӯ дар  ин  муддат  тарҷумони Пажӯҳишгоҳи  шарқшиносии   Академияи  илмҳои  ҷумҳурӣ  буд. Аз  соли  1984 то  1987  дар  Артиши  шӯравӣ  хизмат  кардааст.  В.Козлов  11 июни  соли  1987  ба  Агентии телеграфии  Тоҷикистон  (ҳоло АМИТ «Ховар») ба  кор  омад. Ӯ  аввал  мухбири  идораи  иттилооти  ҷумҳуриявию  хориҷӣ  баъд  мухбири  шӯъбаи  иттилооти  ҷамъиятию  сиёсӣ,  мухбири  махсуси  ТоҷикТа  дар  ноҳияи  Ҳисор,  сармуҳаррири  идораи  иттилооти ҷумҳуриявӣ, шореҳ ва  сармуҳаррири бахши  хабарҳо  ба забони русии  АМИТ «Ховар»  шуда  кор  кардааст.  Виктор  Козлов  дар  давоми  солҳои  тӯлонӣ худро  ҳамчун  яке  аз  тарҷумонҳои  беҳтарини  мамлакат нишон  дод.  Ӯ  ҳамеша  доираи  дониши  худро  васеъ  карда,  хабару  мақолаҳои  марбут ба  муносибатҳои байналмилалӣ,  сиёсати   дохилию  берунӣ  ва  илмию  фарҳангиро  ба  забони русӣ  тарҷума  мекард. Кормандони  агентӣ  В.Козловро як  навъ «фарҳанги  зинда»  меномиданд. Ӯ  ҳамеша  ба  журналистони  ҷавон  дасти  ёрӣ  дароз  мекард.   В.Козлов  солҳои  охир  қариб  ҳамаи  нутқу  суханрониҳо ва  асарҳои  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон ва ҳуҷҷатҳои  муҳимтарини  байналхалқиро  тарҷума  кардааст.  Виктор  Алексеевич  Козлов   дар  байни кормандони  АМИТ «Ховар»  обрӯю  эътибори  калон  дошт. Ӯ ба  кор  муносибати  масъулиятнок  дошта,  дар  ин  бобат  ба  дигарон  намунаи  ибрат  буд. На  танҳо  кормандони  агентӣ,  балки  олимон  ва  забоншиносони   муассисаҳои  дигар  низ   ҳамаша  аз  маслиҳатҳои  ӯ  баҳраманд  мегардиданд.   Кормандони  АМИТ «Ховар»,  дӯстон ва  ҳамқаламон  хотираи  неки  В.Козловро  ҳеҷ  гоҳ  фаромӯш  нахоҳанд  кард.                           Аҳли  эҷоди  АМИТ «Ховар»  

Март 29, 2010 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд