ДАРГУЗАШТИ ЖУРНАЛИСТИ ВАРЗИДА
Соҳаи журналистикаи тоҷик талафоти калон дод. 27 марти соли равон сармуҳаррири Агентии миллии иттилоотии «Ховар» — и назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Виктор Алексеевич Козлов баъди бемории вазнин ва дуру дароз дар сини 53 — солагӣ вафот кард. Виктор Козлов соли 1957 дар шаҳри Ленинград таваллуд шудааст. Ӯ соли 1979 Донишгоҳи давлатии Ленинградро бо ихтисоси шарқшинос хатм намуд. Номбурда забонҳои англисӣ, арабӣ, фаронсавӣ, форсӣ ва испониро хеле хуб медонист. В.Козлов аз соли 1980 то соли 1984 дар Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон кор кардааст. Ӯ дар ин муддат тарҷумони Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ буд. Аз соли 1984 то 1987 дар Артиши шӯравӣ хизмат кардааст. В.Козлов 11 июни соли 1987 ба Агентии телеграфии Тоҷикистон (ҳоло АМИТ «Ховар») ба кор омад. Ӯ аввал мухбири идораи иттилооти ҷумҳуриявию хориҷӣ баъд мухбири шӯъбаи иттилооти ҷамъиятию сиёсӣ, мухбири махсуси ТоҷикТа дар ноҳияи Ҳисор, сармуҳаррири идораи иттилооти ҷумҳуриявӣ, шореҳ ва сармуҳаррири бахши хабарҳо ба забони русии АМИТ «Ховар» шуда кор кардааст. Виктор Козлов дар давоми солҳои тӯлонӣ худро ҳамчун яке аз тарҷумонҳои беҳтарини мамлакат нишон дод. Ӯ ҳамеша доираи дониши худро васеъ карда, хабару мақолаҳои марбут ба муносибатҳои байналмилалӣ, сиёсати дохилию берунӣ ва илмию фарҳангиро ба забони русӣ тарҷума мекард. Кормандони агентӣ В.Козловро як навъ «фарҳанги зинда» меномиданд. Ӯ ҳамеша ба журналистони ҷавон дасти ёрӣ дароз мекард. В.Козлов солҳои охир қариб ҳамаи нутқу суханрониҳо ва асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳуҷҷатҳои муҳимтарини байналхалқиро тарҷума кардааст. Виктор Алексеевич Козлов дар байни кормандони АМИТ «Ховар» обрӯю эътибори калон дошт. Ӯ ба кор муносибати масъулиятнок дошта, дар ин бобат ба дигарон намунаи ибрат буд. На танҳо кормандони агентӣ, балки олимон ва забоншиносони муассисаҳои дигар низ ҳамаша аз маслиҳатҳои ӯ баҳраманд мегардиданд. Кормандони АМИТ «Ховар», дӯстон ва ҳамқаламон хотираи неки В.Козловро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд кард. Аҳли эҷоди АМИТ «Ховар»








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






