ДОНИШГОҲИ СҲШ КУШОДА МЕШАВАД

Март 11, 2010 14:30

Маскав,  11 март. (АМИТ «Ховар», Ҳалима  Хушқадамова). —  Дар  маҷлиси   гурӯҳи  кории  давлатҳои  аъзои  Созмони  ҳамкории  Шанхай  қарор  дода шуд, ки   моҳи  сентябри  соли  2010  дар  пойтахти  Ҷумҳурии  мардумии  Чин —  шаҳри  Пекин  Донишгоҳи  СҲШ  кушода  шавад. Соли равон   аз  мамлакатҳои  аъзои   созмон – Чин, Русия, Қазоқистон,  Тоҷикистон  ва  Қирғизистон  донишҷӯёни  аввалин  ба  донишгоҳ  қабул  карда  хоҳанд  шуд. Онҳо  дар  шӯъбаи  магистратура   ихтисосҳои  экология,  энергетика, технологияи  зарравӣ,  минтақашиносӣ ва  ғайраро  меомӯзанд.  Ҳамаи  ҳуҷҷатҳои  зарурии  таъсиси  донишгоҳ  ва  дастурамалҳои  таълимии он   тайёр  карда шудаанд. Бояд  гуфт, ки  донишҷӯён  дар  давраи  аввал  дар  мактабҳои олии  мамлакатҳояшон  таҳсил  хоҳанд  кард, ки  ҳамчун   мактабҳои олии   заминавӣ   интихоб  шудаанд. Соли  аввал ба  донишгоҳ  51  донишҷӯ  қабул  карда  мешавад. Ба  хатмкунандагони  донишгоҳ  диплом  ва  сертификати  махсус  дода  мешавад.

Март 11, 2010 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад