ДОНИШГОҲИ СҲШ КУШОДА МЕШАВАД
Маскав, 11 март. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Дар маҷлиси гурӯҳи кории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай қарор дода шуд, ки моҳи сентябри соли 2010 дар пойтахти Ҷумҳурии мардумии Чин — шаҳри Пекин Донишгоҳи СҲШ кушода шавад. Соли равон аз мамлакатҳои аъзои созмон – Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон донишҷӯёни аввалин ба донишгоҳ қабул карда хоҳанд шуд. Онҳо дар шӯъбаи магистратура ихтисосҳои экология, энергетика, технологияи зарравӣ, минтақашиносӣ ва ғайраро меомӯзанд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурии таъсиси донишгоҳ ва дастурамалҳои таълимии он тайёр карда шудаанд. Бояд гуфт, ки донишҷӯён дар давраи аввал дар мактабҳои олии мамлакатҳояшон таҳсил хоҳанд кард, ки ҳамчун мактабҳои олии заминавӣ интихоб шудаанд. Соли аввал ба донишгоҳ 51 донишҷӯ қабул карда мешавад. Ба хатмкунандагони донишгоҳ диплом ва сертификати махсус дода мешавад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






