ДОРУҲОИ ҚАЛБАКӢ ДАРЁФТ КАРДА ШУД

Март 18, 2010 11:14

Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Дар вақти гузарондани амалиёти «Морфин» 17 марти соли равон аз ҷониби кормандони раёсати муборизаи бар зидди мубодилаи ғайриқонунии маводи нашъадори ВКД ҶТ, дар кӯчаи Борбади пойтахт автомашинаи тамғаи «БМВ-13» таҳти идораи ронанда Ҷомӣ Назаров, соли таваллудаш 1988 истиқоматкунандаи ноҳияи Мӯъминобод боздошт карда шуд. Ҳангоми азназаргузаронии дохили боғоҷи автомашина 5 қуттии картон ба миқдори 1130 қуттии дорувории «Сумнол» ва 967 қуттии дорувории «Мезим-форте» дарёфт ва мусодира карданд. Тибқи иттилои корманди дафтари матбуоти ВКД ҶТ, ин дорувориҳо ба шаҳрванд Умедҷон Маҳкамов, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Истаравшан тааллуқ доштанд. Ҳангоми азназаргузаронии хонаи иҷоравии ӯ воқеъ дар кӯчаи Борбад ба миқдори 14 ҳазору 110 қуттии дорувории «Мезим-форте» ва 700 қуттии дорувории «Сумнол» дарёфт ва мусодира карда шуданд. Баъди пурсиши кормандони раёсати мазкур маълум гашт, ки аз У. Маҳкамов 775 қуттии дорувории «Сумнол» харидорӣ карда шудааст. Мувофиқи маълумотномаи ташхисии Хадамоти назоратии давлатии фаъолияти       фармасевтӣ дорувориҳои гирифташуда қалбакӣ буда, 83 ҳазору 753 сомониро ташкил медиҳад. Нисбати ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтишоташ идома дорад.     

Март 18, 2010 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд