Э. РАҲМОН ДАР ФОРУМИ СОҲИБКОРОН
Нимаи дуюми рўзи 31–уми март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар форуми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Сиргапур иштирок ва суханронӣ намуд. Дар суханронӣ аз ҷумла, таъкид гардид, ки “Тоҷикистон тақрибан тамоми ашёи табиӣ ва стратегии аълосифат — об, замини ҳосилхез, тилло, нуқра, сангҳои қиматбаҳо, алюминий, маводи сохтмон, пахта, пашм, пўст, меваҷоту сабзавот, нерўи арзони барқ, инфраструктураи зарурӣ, нерўи кории соҳибихтисос, заминаи мусоиди меъёрию ҳуқуқӣ ва имкониятҳои дигари муҳимро барои фаъолияти сармоягузорӣ, аз ҷумла хориҷӣ, дорад”. Бо ёдоварӣ аз имкону захираҳои фаровон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохторҳои марбут ва соҳибкорону тоҷирони ду кишварро ба ҳамкории барои ҳарду ҷониб судбахш даъват намуд. Аз ҷониби соҳибкорони бонуфузи Сингапур ба захираҳои табиии Тоҷикистон ва имконоти фарохи ҳамкорӣ бо он таваҷҷўҳу ҳавасмандии зиёд зоҳир гардид. Аз рўйи натиҷаҳои форум ҳамчунин Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Нобел груп оид ба маблағгузории сохтмони нерўгоҳҳои обӣ дар Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар соҳаҳои металлургияи ранга, истихроҷи маъданҳои кўҳӣ ва ангишт ба имзо расид. Баъди анҷоми форум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари иҷроияи ширкати Нобел груп Ричард Элманро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот оид ба татбиқи амалии санади мазкури ҳамкорӣ ва нақшаҳои оянда гуфтугўйи судманд сурат гирифт. Чунонки маълум шуд ин ширкат 5 сол аст, ки бо Тоҷикистон ҳамкории пурсамар дорад ва санади нави имзошуда ҳамкориро барои 10 соли оянда дар назар дорад. Ёдовар бояд шуд, ки Нобел груп яке аз ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ буда, гардиши солонаи молиаш зиёда аз 40 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Худи ҳамин рўз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз як корхонаи бузурги обтозакунии Сингапур дидан, карда бо техникаю технологияи муосир ва тарзи кори он аз наздик шинос шуд. Чунонки маълум шуд, ин корхона оби шўри баҳрро пок намуда, аз он оби нушокӣ омода месозад. Корхона ҳамчунин ба захира, поксозӣ ва ба истеъмолкунандагон пешниҳод намудани оби борон машғул аст. Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сингапур идома дорад. Хотиррасон бояд кард, ки баъди анҷоми ин сафар Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Бруней Доруссалом хоҳад рафт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода аз шаҳри Сингапури Ҷумҳурии Сингапур иттилоъ дод.








Кишоварзони Тоҷикобод дар беш аз 2100 гектар картошка кишт менамоянд
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






