ГУЛДАСТАИ МУСИҚӢ БА БОНУВОНИ ТОҶИК

Март 4, 2010 09:36

Душанбе, 4 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-  Овозхонони ҷавону шинохтаи эронӣ ва афғон Бенёмин Баҳодурӣ ва Валӣ бо сафари ҳунарӣ ба Душанбе меоянд. Ҳунармандони ҷавон дар остонаи иди бонувон 8-март  муддати ду рӯз- 6 ва 7 март дар муҷтамаи давлатии «Кохи Борбад»-и Душанбе бо ду консерт дидори мухлисони  сершумори худро шоду мамнун мегардонанд. Сафари ҳунарии сарояндагон Бенёмин ва Валӣ ба Душанбе бо ибтикори ширкати «Қиём Интертеймент» ва соҳибкорӣ инфиродӣ Марҳабо Азизова сурат мегирад. Назар ба иттилоъи раиси ширкати «Қиём Интертеймент» Шафиқ Қиём консерти овозхонҳо Бенёмин ва Валӣ ба бонувону модарони тоҷик дар остонаи Рӯзи модар гулдастаи мусиқӣ мегардад.   Бояд зикр кард, ки овозхони маъруфи мусиқии попи эронӣ  Бенёмин алҳол дар Эрон кору зиндагӣ мекунад. Бенёмин ҳунарманди ҷавон буда, соли 1982 дар Теҳрон таваллуд шуда, дар сини 16-солагӣ ба овозхонӣ шурӯъ менамояд. Дар 19 солагиаш ба гитарнавозӣ ва эҷоди оҳангҳои марғуб оғоз менамояд. «Гулҳои рангинкамон», «Бӯи муҳаррам» ва «85» аз албомҳои беҳтарини Бенёмин мебошанд. Бенёмини Баҳодурӣ ба кишварҳои гуногуни ҷаҳон, бахусус Олмон ва Белгия сафари ҳунарӣ намудааст ва 14 март дар Лондон низ бо сурудҳои нави худ дидори ҳазорон форсизабонҳои ин кишвари Аврупоиро шод мегардонад. Мавриди зикр аст, ки сурудаҳои Бенёмин ва Валӣ дар Тоҷикистон маҳбубияти хоса доранд. Бахусус,  албоми овозхони афғони муқими Олмон-  Валӣ, ки бо номи «Баъд аз ишқ» маъмул аст,  дар миёни ҷавонони тоҷик ҳаводорони зиёд дорад.   

Март 4, 2010 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд