ГУЛДАСТАИ МУСИҚӢ БА БОНУВОНИ ТОҶИК
Душанбе, 4 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Овозхонони ҷавону шинохтаи эронӣ ва афғон Бенёмин Баҳодурӣ ва Валӣ бо сафари ҳунарӣ ба Душанбе меоянд. Ҳунармандони ҷавон дар остонаи иди бонувон 8-март муддати ду рӯз- 6 ва 7 март дар муҷтамаи давлатии «Кохи Борбад»-и Душанбе бо ду консерт дидори мухлисони сершумори худро шоду мамнун мегардонанд. Сафари ҳунарии сарояндагон Бенёмин ва Валӣ ба Душанбе бо ибтикори ширкати «Қиём Интертеймент» ва соҳибкорӣ инфиродӣ Марҳабо Азизова сурат мегирад. Назар ба иттилоъи раиси ширкати «Қиём Интертеймент» Шафиқ Қиём консерти овозхонҳо Бенёмин ва Валӣ ба бонувону модарони тоҷик дар остонаи Рӯзи модар гулдастаи мусиқӣ мегардад. Бояд зикр кард, ки овозхони маъруфи мусиқии попи эронӣ Бенёмин алҳол дар Эрон кору зиндагӣ мекунад. Бенёмин ҳунарманди ҷавон буда, соли 1982 дар Теҳрон таваллуд шуда, дар сини 16-солагӣ ба овозхонӣ шурӯъ менамояд. Дар 19 солагиаш ба гитарнавозӣ ва эҷоди оҳангҳои марғуб оғоз менамояд. «Гулҳои рангинкамон», «Бӯи муҳаррам» ва «85» аз албомҳои беҳтарини Бенёмин мебошанд. Бенёмини Баҳодурӣ ба кишварҳои гуногуни ҷаҳон, бахусус Олмон ва Белгия сафари ҳунарӣ намудааст ва 14 март дар Лондон низ бо сурудҳои нави худ дидори ҳазорон форсизабонҳои ин кишвари Аврупоиро шод мегардонад. Мавриди зикр аст, ки сурудаҳои Бенёмин ва Валӣ дар Тоҷикистон маҳбубияти хоса доранд. Бахусус, албоми овозхони афғони муқими Олмон- Валӣ, ки бо номи «Баъд аз ишқ» маъмул аст, дар миёни ҷавонони тоҷик ҳаводорони зиёд дорад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






