ХАБАРНИГОРИ «ИМРӮЗ» ДАР ҶОЙИ АВВАЛ
Душанбе, 26 март. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории сил Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо созмони ғайридавлатии байналмиллалии Лоиҳаи ҲОУП/Барномаи «Аутрич дар поси саломатӣ», ки аз ҷониби Оҷонсии Амрико оид ба рушди умумиҷаҳонӣ (USAID) маблағгузорӣ карда мешавад, дар соҳаи журналистика дар байни ВАО-и Тоҷикистон аз рӯи чаҳор номгӯй: барои беҳтарин мақолаи иттилоотӣ-маърифатӣ дар нашрияҳои чопӣ ва электронӣ, беҳтарин барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ оид ба пешгирии сил, барои дастгирии Барномаи Миллии мубориза бар зидди сил озмун эълон карда буд, ки он ҷамьбаст гардид. Дар маросими ботантана, муовини вазири тандурустии ҶТ, сардовари озмун Соҳибназар Раҳмонов, сарвари USAID дар Тоҷикистон Ҷеффри Лерер, сарвари намояндагии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Растислав Врбенски, менеҷери барномаи бемории сили Лоиҳаи ҲОУП дар Тоҷикистон Алексей Коробитсин ва дигар масъулини мақомоти давлатию созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд. Бояд кайд намуд, ки ҷои аввал дар номгӯи беҳтарин маводи матбуотӣ ба Абдулазизи Восеъ — рӯзноманигори радиои «Имрӯз», ҷои дуюм ба Барно Султонова – корманди маҷаллаи «Равзана ба ҷаҳон», ҷои сеюм ба Мавҷуда Ҳасанова – хабарнигори хабаргузории иттилоотии «АзияПлюс», дар номгӯи беҳтарин барномаи телевизионӣ мақоми аввал ба барномаи «Шифобахш»-и гурўҳи эҷодии идораи барномаҳои сиёсии телевизиони «Шабакаи аввал», мақоми дуюм ба гурўҳи эҷодии «Мадади Сино»-и «Шабакаи аввал» ва мақоми саввум ба филми телевизионии «Бобунаи ормонҳо»-и Ҷонибеки Асрориён, дар номгӯи беҳтарин барномаи радиоӣ — ҷои якум ба Алиҷон Ҷӯраев – муҳаррири радиои «Ватан», ҷои дуюм ба Қудратулло Раҳматуллоев – муҳаррири барномаи «Ворисони Сино»-и радиои «Садои Душанбе», ҷои сеюм ба Идигули Раҷаб — муҳаррири барномаи «Шифо»-и радиои Тоҷикистон сазовор дониста шуд. Дар байни номгӯи беҳтарин маводҳои сомонаи электронӣ — рӯзноманигор Назира Сарфарозова ва Майсара Қурбонова – корманди Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ҷойҳои дуюм ва саввумро бо ҳам диданд. Ҳамчунин дар ин озмун ба якчанд рӯзноманигорон мукофотҳои ҳавасмандгардонӣ тақдим гардид. Рӯзноманигори рӯзномаи «Оила» — Нумон Абдухамидов, корманди радиои «Имрӯз» — Назири Нусрат, хабарнигори радиои «Озодӣ» Абдулмӯъмини Шерхон ва Абдулазизи Восеъ бо мукофотҳо қадршиносӣ гардиданд. Чуноне, ки сардовари озмун, муовини вазири тандурустии кишвар Соҳибназар Раҳмонов қайд кард, озмун нишон дод, ки имрӯз рӯзноманигорон бо огоҳии бештар аз мавзӯи бемории сил маводҳо меофаранд ва дар самти огоҳонӣ ва иттилоотнокии ҷомеа ва пешгириву мубориза бар зидди сил хизмати назаррасро иҷро мекунанд.