ХАРИДОРИИ САҲМИЯ ДАР ҒОНЧӢ
Ғончӣ, 26 март. (АМИТ «Ховар»,Мирзалӣ Амонов).- Сокинони ноҳияи Ғончӣ бо камоли масъулият, сарҷамъона саҳмия ва сертификатҳои ҶСШК НБО «Роғун»-ро харидорӣ менамоянд. Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи оламафрӯз дар деҳаҳои Далёни поён ва Янгиариқи болои ноҳия марафони хариди саҳмияҳоро ташкил намуданд. Бино ба иттилои масъулин то рӯзи 23-юми март аҳолии деҳаи Далёни поён ба маблағи 370 ҳазор сомонӣ, аҳолии деҳаи Янгиариқи боло бошад ба маблағи 148 ҳазор сомонӣ саҳмияҳоро харидорӣ намуданд. Дирӯз бошад, дар харидории саҳмияҳо- саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ,соҳибкорон, муаллимон ширкат намуда ба маблағҳои 21 ҳазор ва 45 ҳазор сомонӣ саҳмияҳоро харидорӣ намуданд.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






