ХОҶАГИҲОИ ДЕҚОНӢ БА КИШТ ОМОДААНД
Душанбе, 31 март.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Агентии омори назди Президенти ҶТ то 10 – уми марти соли ҷорӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 14 ҳазору 552 тракторҳои гуногунтамға нигоҳ дошта мешаванд, ки аз онҳо 9155 адад ё 64 фоизашон дар ҳолати коршоямӣ қарор доранд. Омодагии тракторҳо ба корҳои саҳроӣ нисбат ба ҳисоби миёнаи ҷумҳурӣ дар хоҷагиҳои вилояти Хатлон (60 фоиз), ноҳияҳои Варзоб – 43, Файзобод – 46, Турсунзода – 49, Шаҳринав – 55 ва Ваҳдат 57 фоиз кам мебошад. Аз 2893 адад тракторҳои шудгоркунанда 1765 – тои онҳо ё 61 фоизашон ба шудгор ва кишти баҳорӣ омодаанд. Ин нишондиҳанда дар хоҷагиҳои вилояти Хатлон 55 фоиз, ноҳияҳои Роғун- 29, Ваҳдат – 42, Турсунзода – 44, Шаҳринав – 46 ва Тоҷикобод 57 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2009 беҳтар аст. Таъмири тракторҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ нисбат ба корхонаҳои кишоварзӣ дар сатҳи хубтар ташкил карда шудааст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






