ИҶЛОСИЯИ НАХУСТИНИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ
Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр). — 11 март дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Суғд таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Қоҳир Расулзода Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд даъвати чорум баргузор гашт. Дар иҷлосия аз 67 нафар вакил 63 нафар иштирок дошта, 4 нафар бо сабабҳои узрнок иштирок карда натавонистанд. Ҳамчунин дар иҷлосия раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсату роҳбарони ташкилотҳои вилоятӣ ширкат варзиданд. Рўзномаи иҷлосия иборат аз шаш масъала – «Дар бораи тасдиқи ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд даъвати IV», «Дар бораи тасдиқ намудани Дастури Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд», «Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят, пешбарии номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ва «Тасдиқи қарорҳои Раиси вилоят» иборат буд. Аз ҷониби вакилон тариқи овоздиҳӣ лоиҳаи қарор «Дар бораи тасдиқи ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд (даъвати IV)» қабул карда шуда, лоиҳаҳои қарор «Дар бораи тасдиқ намудани Дастури Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд» ва «Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят,» тавассути овоздиҳӣ қабул гашт. Аз ҷониби вакилон тариқи овоздиҳии пинҳони номзадии раиси вилояти Суғд ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи овоздиҳии пинҳонӣ интихоб гардид.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






