ИФТИТОҲИ ОЗМОИШГОҲИ ЯДРОӢ
Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дирӯз дар Академияи илмҳои ҷумҳурӣ озмоишгоҳи Агентии таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ кушода шуд. Дар маросими ифтитоҳи озмоишгоҳ муовини раиси Академияи илмҳо Хуршед Каримов, директори агентӣ Ӯлмас Мирсаидов, намояндагони баъзе вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва хабарнигорон ширкат варзиданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки озмоишгоҳи мазкур бо кӯмаки молиявию техникии баъзе созмонҳои байналхалқӣ, аз ҷумла, Агентии байналхалқии энергияи атом, Маркази байналмилалии илмию техникӣ ва сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон бунёд карда шуд. Озмоишгоҳ аз шӯъбаҳои радиохимия, спектроскопияи ядроӣ ва тармими дастгоҳҳои ядроӣ иборат буда, дар он 15 мутахассис кор мекунад. Мутахассисони озмоишгоҳ дар шаҳрҳои Вилнюс, Вена, Минск, инчунин дар Олмон, Ҷопон, ИМА, Украина ва Русия таҷриба омӯхтанд. Мутахассисони озмоишгоҳ миқдор ва ҳаҷми моддаҳои ядроӣ ва радиоактивиро дар таркиби обу хок ва ҳаво муайян карда, сифати кори дастгоҳҳои рентгениро назорат намуда, таъсири шуои радиоатсиониро ба муҳити зист месанҷанд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






