ИЪИКОСИ МАСОИЛИ ПЕШГИРӢ ВА НАЗОРАТИ БЕМОРИИ СИЛ ДАР ВАО-И ТОҶИКИСТОН

Март 19, 2010 16:30

Душанбе, 19 март. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- 19 марти соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи «Меркурий» пойтахт бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи бемории сил  нишасти матбуотӣ таҳти унвони «Ҳамоҳангсозии  кӯшишҳо дар мубориза бар зидди бемории сил» доир гардид.   Дар он намояндагони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини мақомоти давлатию созмонҳои  байналмилалӣ иштирок намуданд. Чорабинии мазкур дар доираи давраи омӯзишии дурӯза барои рӯзноманигорони ҶТ «Иъикоси масоили пешгирӣ ва назорати бемории сил дар ВАО-и Тоҷикистон» гузаронида шуд. Мақсади баргузории ин тренинг омӯзонидани инъикоси касбии мавзӯи  бемории сил дар ВАО буда, дар он 22 корманди расонаҳои чопию электронӣ аз шаҳри Душанбе, вилояти Хатлону Суғд ва Кӯҳистони Бадахшон,  навоҳии тобеи марказ ширкат доштанд. Дар ҷараёни ин давраи омӯзишӣ иштирокчиён оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии рӯзноманигорон дар масоили пешгирӣ ва назорати бемории сил, омӯзонидани малакаи таҳияи касбии маводи чопию интернетӣ, радиоӣ ва телевизионӣ оид ба масоили бемории  сил ва вируси норасоии масунияти одам (ВНМО-ВИЧ)-ро муҳокима намуданд.  Тавре сардори Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории сил Қурбонгул Акрамова қайд намуд, дар натиҷаи амали намудани барномаи ДОТС,   барномаи муборизаи бар зиди бемории сил ва бо дастгирии Ҳукумати ҶТ ва хизматҳои ноҳияҳову вилоятҳо корҳои фаҳмондадиҳи мубориза бар зиди бемории сил хеле пеш рафта истодааст.  Соли 2007 беморони сил   7 ҳазор ба қайд гирифта шуданд, ки  ин шумора дар соли 2009 5648 бемор ба қайд гирифта шудааст,  ки нисбати солҳои гузашта хело кам мебошанд.

Март 19, 2010 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад