ИМТИЁЗҲОИ РУСИЯ БАРОИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ СҲШ

Март 15, 2010 13:42

Маскав,  15 март. (АМИТ «Ховар», Ҳалима  Хушқадамова). — Мамлакатҳои  аъзои  Созмони  Ҳамкории  Шанхай   қарор  додаанд, ки  барои таҳсили   донишҷӯёни  худ  дар  Донишгоҳи   созмон  баъзе  имтиёзҳои  давлатӣ   муқаррар  намоянд. Муовини  директори раёсати   ҳамкории  байналхалқӣ  дар  соҳаҳои   илму  маорифи  Вазорати   маориф  ва  илми  Русия   Лариса  Ефремова  зикр  намуд, ки   Русия   барои   донишҷӯёни  худ  ҳатман   чунин  имтиёзҳо  муқаррар  хоҳад  кард. Вай  зикр  намуд, ки  имтиёзҳо барои  донишҷӯёни  Донишгоҳи  СҲШ   на барои  тамоми   давраи  таҳсил,  балки   барои  давраҳои  алоҳидаи он  ҷудо  карда  мешаванд.  Қайд  карда шуд, ки  Донишгоҳи  СҲШ  фаъолияти  худро   солҳои  аввал ба тариқи  таҷриба  ба  роҳ  мемонад.  Бинобар  ин   танҳо барои  донишҷӯёни  алоҳида  имтиёз  дода  мешавад.  Яке  аз  масъалаҳои  муҳими  оғози  фаъолияти  донишгоҳ муқаррар  намудан  ва   мувофиқа  сохтани   роҳу  усулҳои  ягонаи  таъминоти  молиявии  он мебошад,  гуфт Л.Ефремова. Донишҷӯёни  аввалин  ба Донишгоҳи  СҲШ  моҳи  сентябри  соли  2010  қабул  карда  мешаванд.

Март 15, 2010 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад