ИНТИХОБОТИ ММ МО ШУРӮЪ ШУД
Душанбе, 25 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯз дар ҷумҳурӣ интихоботи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ шуд. Дар ин хусус аз Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Дар интихоботи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 номзад ба қайд гирифта шудааст. Ҷиҳати интихоби аъзоҳои палатаи болоии парлумони мамлакат 5 ҳавзаи интихоботӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе кушода шудааст. Маҷлиси миллӣ палатаи болоии парлумони Тоҷикистон буда, 10 сол муқаддам таъсис дода шудааст. Ҳайати он аз 34 нафар иборат аст. 25 нафар узви Маҷлиси миллӣ тавассути интихобот аз ҷониби Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ интихоб карда мешаванд. 8 нафари дигар аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ таъин карда мешаванд. Нахустин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ба таври доимӣ якумр узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






