ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ КОҲИШ ЁФТ
Душабе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноат, дар моҳи январи соли 2010 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати озуқаворӣ 91,1 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 – ум 10,8 фоиз кам аст. Истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои шароббарорӣ 60,4 фоиз ва дигар соҳаҳои саноати хӯрокворӣ 86,8 фоиз коҳиш ёфтааст. Ҳамзамон, истеҳсоли маҳсулотро корхонаҳои равғану чарбӣ 170,7 фоиз, равғанкашию панирпазӣ 106,7 фоиз, маҳсулоти моҳӣ 128,3, маҳсулоти гӯштӣ 105,1 фоиз зиёд карданд. Аз 271 корхонаи соҳа танҳо 33,2 фоизашон нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 бештар маҳсулот истеҳсол намуданд, боқимонда ё маҳсулоти истеҳсолӣ надоранд ё бо сабабҳои дигар аз фаъолият боз мондаанд.