ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ САНОАТӢ КОҲИШ ЁФТ

Март 2, 2010 09:48

Душабе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноат, дар моҳи январи соли 2010 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати озуқаворӣ 91,1 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 – ум 10,8 фоиз кам аст. Истеҳсоли маҳсулоти корхонаҳои шароббарорӣ 60,4 фоиз ва дигар соҳаҳои саноати хӯрокворӣ 86,8 фоиз коҳиш ёфтааст. Ҳамзамон, истеҳсоли маҳсулотро корхонаҳои равғану чарбӣ 170,7 фоиз, равғанкашию панирпазӣ 106,7 фоиз, маҳсулоти моҳӣ 128,3, маҳсулоти гӯштӣ 105,1 фоиз зиёд карданд. Аз 271 корхонаи соҳа  танҳо 33,2 фоизашон нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 бештар маҳсулот истеҳсол намуданд, боқимонда ё маҳсулоти истеҳсолӣ надоранд ё бо сабабҳои дигар аз фаъолият боз мондаанд.      

Март 2, 2010 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид