ИСТЕҲСОЛИ ТУХМ АФЗУН МЕГАРДАД

Март 31, 2010 12:02

Файзобод,  31 март.(Амит»Ховар», Зебо Давлатова)-Зимни сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ»Ховар» директори ҶСК «Мурғи ҳилол»-и ноҳияи Файзобод Маҳмадалӣ Одинаев иттилоъ дод,ки дар соли ҷорӣ 9 миллиону  683 ҳазор дона тухм аз ҷониби корхона ба аҳолӣ фурӯхта шуд.Аз моҳи март сар карда паррандапарварон ба заҳб намудани мурғони калонсол оғоз намудаанд,ки айни замон 6 тонна гӯштро ташкил медиҳад.Арзиши фурӯши гӯшт нисбат ба мурғҳои аз хориҷи кишвар воридгардида хеле арзон аст. Маҳмадалӣ Одинаев афзуд,ки дар ҶСК»Мурғи ҳилол» 320 нафар коргарон бо кори доими ва зиёда аз 100 нафар ба таври шартномавӣ меҳнат карда истодаанд,ки музди меҳнати миёнаи коргарон 462 сомониро ташкил медиҳад.Мутахассисони  соҳа бошанд аз 600 то 1500 сомонӣ маош мегиранд.Аз 28 март  то 11 апрел ба корхона ба миқдори зоо ҳазор адад чӯҷа ворид карда мешавад.Айни замон дар корхона 430 ҳазор Сар мурғи тухмдеҳ парвариш карда мешавад,ки ҳар рӯз ба миқдори 300 ҳазор дона тухм истеҳсол карда мешавад.

Март 31, 2010 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд