ИЗҲОРОТИ МУШТАРАКИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКМАНИСТОН

Март 18, 2010 14:04

Душанбе, 18 март. (АМИТ «Ховар»,  Фарангис  Раҳимова). —  Қабл  аз чошти  имрӯз дар Қасри  миллат  дар  фарҷоми  мулоқоти   сарони  давлатҳои  Тоҷикистон ва  Туркманистон  Эмомалӣ  Раҳмон  ва Қурбонгулӣ  Бердимуҳаммадов  силсилаи  ҳуҷҷатҳо,  аз  ҷумла  изҳороти  муштараки  сарони  ҳар  ду  кишвар имзо  карда шуданд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  Эмомалӣ  Раҳмон  ва  Қурбонгулӣ  Бердимуҳаммадов  инчунин  дар  бораи   ҳамкорӣ дар  соҳаҳои  алоқа,  информатика,  стандартизатсия,  метрология,  сертификатсия, акредитатсия,  ҳамкории  вазоратҳои  корҳои  хориҷии  ҳар  ду  мамлакат  барои  солҳои  2010 – 2011,  ҳамкории   Вазорати  адлияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Вазорати  адолати  Туркманистон,  ҳамкории  Вазорати  нақлиёту  алоқаи  Тоҷикистон ва Хадамоти  миллии  давлатии «Роҳҳои  ҳавоии Туркманистон», инчунин  ҳамкории  Кумитаҳои  миллии   олимпии  ҳар  ду  кишвар   созишномаю  қарордод  ва  барномаю  протоколҳои  байниҳукуматӣ  имзо  намуданд.

Март 18, 2010 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад