КӮМАКҲОИ АНЪАНАВИИ НАВРӮЗӢ

Март 4, 2010 10:18

Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Соли ҷорӣ таҷлили Наврӯзи хуҷастапай бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор мегардад. -Бо дастуру ҳидоятҳои  Сарвари давлат дар ҷашни Наврӯзӣ расонидани кӯмак ба эҳтиёҷмандон, аз ҷумла ятимону бепарасторон, маъюбону пирони барҷомонда, ҳамчунин оилаҳои камбизоат бояд ба эҳёи расму оини судбахши Наврӯзӣ табдил ёбад,- иброз дошт раиси шаҳри Ваҳдат – узви Маҷлиси миллӣ Анвари Вайсиддин ба мухбири АМИТ «Ховар». Дар шаҳри Ваҳдат рӯзҳои ҷашни Наврӯзӣ бо кӯмаки саховатмандон ва соҳибкорони маҳаллӣ  гузаронидани хатнасури ятимон, баргузории тӯи навхонадорони бепарастор ва фарзандони оилаҳои камбизоат ба нақша гирифта шудааст. Чанд соли охир ин анъанаҳои неки Наврӯзӣ ба расму оини мардумӣ  ворид гардид ва минбаъд  он чун расму оини мардумӣ ба ҳукми анъанаҳои таърихӣ дохил хоҳанд шуд.     

Март 4, 2010 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд