КӮМАК БА ОИЛАҲОИ ҚУРБОНИЁНИ АМАЛИЁТИ ТЕРРОРИСТӢ
Маскав, 31 март. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Котиби матбуоти Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Шоҳин Самадов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар шӯъбаи муҳоҷирати Хадамоти консулгарии сафоратхона ҳуҷҷатҳои марбут ба расонидани кӯмаки моддӣ ба аҳли оилаҳои се нафар шаҳрванди бар асари амалиёти террористӣ дар метрои Маскав ҳалокшудаи Тоҷикистон – Умед Абдураҳмонов, Нодирбек Қаршиев ва Исломҷон Эшназаров ба расмият дароварда шуданд. Мувофиқи ҳуҷҷатҳо ба аҳли оилаҳои шахсони ҳалокшуда маблағи муайяни ҷуброн пардохта, ҷасадҳои шахсони ҳалокшуда бе пул ба ватан фиристода хоҳанд шуд. Раёсати ҳифзи иҷтимоии шаҳри Маскав масъалаи расонидани кӯмаки моддӣ ва иҷтимоиро ба аҳли оила ва хешу таборони шахсони ҳалокшуда ҳаллу фасл менамояд. Корхонаи воҳиди давлатии «Ритуал» — и пойтахти Русия ба ватан фиристодани ҷасадҳои шахсони ҳалокшудаи мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба зиммаи худ гирифтааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






