КАФОЛАТПУЛӢ 1000 РУБЛ

Март 1, 2010 11:08

Душанбе, 1 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловазод).- Бино ба маълумоти расмии омории Хадамоти кор бо мӯҳоҷирати ФР дар моҳи январи соли ҷорӣ 86 нафар ва дар соли 2009 4 ҳазору 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз ФР «депортатсия» шудаанд. Бино  ба гуфти ҷонишини сардори хадамоти кор бо муҳоҷирони ФР Константин Полторанин, дар Русия Думаи давлатӣ  лоиҳаи қонунро дар бораи шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар сектори хусусӣ ба фаъолият машғуланд, дастгирӣ намуд. Тибқи лоиҳаи қонуни нав шаҳрвандони хориҷӣ бо гирифтани «патент» -и ҳармоҳа, ки 1000 рубл аст, бемалол метавонанд ба таври инфиродӣ ошкоро ба кор         машғул шаванд. Ин механизми оддиест, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ дар қонуни нави муҳоҷират ворид шудааст. Бо супоридани боҷи ҳармоҳаи давлатӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ 2 сол ҷои зист ва корашонро тамдид карда метавонанд. Айни замон аз рӯи маълумоти Хадамоти муҳоҷирати ФР аз 400 то 600 ҳазор шаҳрвандони тоҷик дар корхонаҳои хусусӣ  машғули коранд.

Март 1, 2010 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд