КАМБУДИҲО ОШКОР КАРДА ШУДАНД

Март 2, 2010 09:46

Душабе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Санҷишҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар як қатор иншоот ншон дод, ки иқтидори обтозакунии канализатсионӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ ва Кӯлоб бо назардошти сохтмони босуръати биноҳои истиқоматӣ ва меҳмонхонаҳо нокифоя мебошад. Фаъолияти кумита дар соҳаи ҳифзи ҳавои атмосфера асосан ба таҳлил ва баҳодиҳии корхонаҳои саноатӣ нигаронида шудааст. Мутахассисони соҳа 20 адад корхонаҳои хурди соҳаи коркарди металҳои сиёҳу рангаро  мавриди санҷиш қарор доданд. Санҷишҳо нишон доданд, ки ҶДММ «Бахтиёр ва компания», ҶДММ «Гранд Элит», ҶДММ «Хонг — Да», ҶДММ «Ҷин — Чен» ва  ҶДММ «Ҳамкорӣ — 2001» ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи ҳифзи муҳити зистро надоранд ва баъзан   партовҳояшон аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд мебошад. Нисбати қонуншиканони экологӣ ба маблағи 105 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуда, маблағи ҷарима пурра ситонида шуда, фаъолияти ин корхонаҳо зери назорат гирифта шудааст.

Март 2, 2010 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад