КОНФРОНСИ ИЛМӢ БАХШИДА БА ИМОМ БУХОРӢ
Душанбе, 10 март. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — 12 март дар толори Академияи илмҳои ҷумҳурӣ бахшида ба 1200 – солагии рӯзи таваллуди мутафаккири бузург ва олими барҷастаи тоҷик, Имом Албухорӣ дар мавзӯи «Имом Албухорӣ ва илми ҳадис» конфронси илмии ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад. Дар он мутахассисони соҳаҳои фалсафаю диншиносӣ, шарқшиносӣ, исломшиносӣ ва ғайра иштирок менамоянд. Дар конфронс роҷеъ ба фаъолияти илмии мутафаккири бузург 18 маърӯза хонда мешавад. Ба иштирокчиёни конфаронс асари илмии мутафаккир «Саҳеҳи Албухорӣ» ба забони тоҷикӣ тӯҳфа карда мешавад, ки ба қарибӣ чоп шудааст. Асари мазкур дар олами ислом баъди Қуръон китоби дуюми муқаддас ба шумор меравад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






