КВАРТИРАҲОИ ОСЕБДИДА ТАЪМИР КАРДА МЕШАВАНД

Март 2, 2010 09:37

Душанбе, 2 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба имзо расонд. Тибқи он барои таъмири  квартираҳои осебдидаи  бинои истиқоматии №37/1, воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ-и пойтахт комиссияи тендерӣ таъсис дода мешавад. Дар асоси ин қарор раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ҳамчун фармоишгари иншооти мазкур вазифадор карда шудааст, ки тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани тендер омода ва ба Комиссияи тендерӣ пешниҳод созад. Инчунин, тибқи ин қарор Сарраёсати молияи  шаҳри Душанбе муввазаф шудааст, ки аз ҳисоби маблағҳои ба раёсати мазкур  пешбинишуда барои таъмири квартираҳои  осебдидаи № 42, 44 ва 45-и бинои истиқоматии №37/1 воқеъ дар хиёбони С. Шерозӣ-и ноҳияи Синои пойтахт ба унвонии Раиси шаҳр Душанбе пешниҳод ирсол созад.

Март 2, 2010 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад