КВАРТИРАҲОИ ОСЕБДИДА ТАЪМИР КАРДА МЕШАВАНД
Душанбе, 2 март.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор ба имзо расонд. Тибқи он барои таъмири квартираҳои осебдидаи бинои истиқоматии №37/1, воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ-и пойтахт комиссияи тендерӣ таъсис дода мешавад. Дар асоси ин қарор раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ҳамчун фармоишгари иншооти мазкур вазифадор карда шудааст, ки тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани тендер омода ва ба Комиссияи тендерӣ пешниҳод созад. Инчунин, тибқи ин қарор Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муввазаф шудааст, ки аз ҳисоби маблағҳои ба раёсати мазкур пешбинишуда барои таъмири квартираҳои осебдидаи № 42, 44 ва 45-и бинои истиқоматии №37/1 воқеъ дар хиёбони С. Шерозӣ-и ноҳияи Синои пойтахт ба унвонии Раиси шаҳр Душанбе пешниҳод ирсол созад.








КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд






