ЛИМИТИ БАРҚ БАРДОШТА МЕШАВАД
Қурғонтеппа, 11 март. (АМИТ«Ховар», Беков Юсуфбек). Дар назар аст, ки баъди 21- уми марти соли равон лимити нерӯи барқ дар деҳоти шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қурғонтеппа аз байн бардошта шавад. Дар ин хусус ба мухбири АМИТ «Ховар» Муҳиддинов Азимҷон, сармуҳандиси Шабакаҳои барқи ҷануби минтақаи Қӯрғонтеппа иттилоъ дод. Бино ба гуфти ӯ имсол ба он хотир лимит дар деҳоти шаҳру ноҳияҳо бардошта мешавад, ки маҷрои дарёи Вахш айни замон муътадил аст, ҳамчунин худи мардум қувваи барқро сарфакорона истифода намуда истодаанд. Ёдрас мешавем, ки айни замон ба деҳотиён ба ҷойи 10 соат нерӯи барқи ваъдашуда ҳамагӣ 6, 7 соат дар шабонарӯз барқ медиҳанду халос.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






