М.КАБИРӢ МУНТАЗИРИ ҲАДЯ АСТ?

Март 2, 2010 12:16

Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов). — Имрӯз раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар бинои марказии ҳизб нишасти матбуотӣ баргузор кард. Дар нишаст хабарнигорони шабакаҳои иттилоотии ватаниву хориҷӣ, аъзо ва тарафдорони ҲНИТ иштирок намуданд. М.Кабирӣ вобаста ба натиҷаи ҳисоботи пешакии интихоботи парлумонӣ, ки дирӯз аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии умумихалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида буд, гуфт, ки ҲНИТ ба рақамҳои эълоншуда боварӣ надорад. Мувофиқи  таҳлил ва пешбиниҳои ин ҳизб онҳо умед доштанд, ки барои соҳиб шудан ба 4 курсии вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии   Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз хоҳанд гирифт. Аммо, мувофиқи ҳисобҳои пешакии КМИР, ҲНИТ ба гирифтани зиёда аз 7 фоизи овози интихобкунандагон ноил шудааст. М.Кабирӣ ҳамчунин гуфт, ки онҳо санадҳои дар даст доштаи худро оид ба ҳодисаҳои таққаллубкорӣ дар рафти интихобот барои баррасӣ ба додгоҳ пешниҳод мекунанд. Шояд ки бо роҳи гуруснанишинӣ, роҳпаймоӣ ё даст кашидан аз мансаби вакилӣ дар парлумон эътирози худро ба интихоботи гузашта баён кунем, — тазаккур дод роҳбари ҲНИТ. Вобаста ба баҳодиҳии нозирони байналмилалӣ аз омодагиҳо ва рафти интихобот М. Кабирӣ қайд кард, ки баҳогузории ин нозирон аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Агар нозирони СҲШ ва нозирони ИДМ баҳои мусбат дода бошанд, пас намояндагони САҲА ба таври манфӣ интихоботро баҳо доданд. Аз суханони М.Кабирӣ баҳои нозирони СҲШ ва ИМД тағийрнаёбанда буда, онҳо ба интихобот дар дилхоҳ кишвар баҳои стандартии мусбат медиҳанд. Дар поёни нишаст, М.Кабирӣ ба суолҳои хабарнигорон посух дода гуфт, ки шояд ба ҳизби онҳо дар рафти минбаъдаи овозшуморӣ боз як мандати дигар низ дода шавад ва онҳо онро ҳамчун як ҳадя ва ё тӯҳфа қабул хоҳанд кард.      

Март 2, 2010 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд