М.КАБИРӢ МУНТАЗИРИ ҲАДЯ АСТ?
Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Акрам Ҳаитов). — Имрӯз раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар бинои марказии ҳизб нишасти матбуотӣ баргузор кард. Дар нишаст хабарнигорони шабакаҳои иттилоотии ватаниву хориҷӣ, аъзо ва тарафдорони ҲНИТ иштирок намуданд. М.Кабирӣ вобаста ба натиҷаи ҳисоботи пешакии интихоботи парлумонӣ, ки дирӯз аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии умумихалқии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида буд, гуфт, ки ҲНИТ ба рақамҳои эълоншуда боварӣ надорад. Мувофиқи таҳлил ва пешбиниҳои ин ҳизб онҳо умед доштанд, ки барои соҳиб шудан ба 4 курсии вакилӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз хоҳанд гирифт. Аммо, мувофиқи ҳисобҳои пешакии КМИР, ҲНИТ ба гирифтани зиёда аз 7 фоизи овози интихобкунандагон ноил шудааст. М.Кабирӣ ҳамчунин гуфт, ки онҳо санадҳои дар даст доштаи худро оид ба ҳодисаҳои таққаллубкорӣ дар рафти интихобот барои баррасӣ ба додгоҳ пешниҳод мекунанд. Шояд ки бо роҳи гуруснанишинӣ, роҳпаймоӣ ё даст кашидан аз мансаби вакилӣ дар парлумон эътирози худро ба интихоботи гузашта баён кунем, — тазаккур дод роҳбари ҲНИТ. Вобаста ба баҳодиҳии нозирони байналмилалӣ аз омодагиҳо ва рафти интихобот М. Кабирӣ қайд кард, ки баҳогузории ин нозирон аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Агар нозирони СҲШ ва нозирони ИДМ баҳои мусбат дода бошанд, пас намояндагони САҲА ба таври манфӣ интихоботро баҳо доданд. Аз суханони М.Кабирӣ баҳои нозирони СҲШ ва ИМД тағийрнаёбанда буда, онҳо ба интихобот дар дилхоҳ кишвар баҳои стандартии мусбат медиҳанд. Дар поёни нишаст, М.Кабирӣ ба суолҳои хабарнигорон посух дода гуфт, ки шояд ба ҳизби онҳо дар рафти минбаъдаи овозшуморӣ боз як мандати дигар низ дода шавад ва онҳо онро ҳамчун як ҳадя ва ё тӯҳфа қабул хоҳанд кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






