МАҲДУДИЯТИ ТАЪМИНОТИ ҚУВВАИ БАРҚРО ДАР ДЕҲОТ КАСЕ БЕКОР НАКАРДААСТ
Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Сайтҳои интернетии баъзе агентиҳои иттилоотии Тоҷикистон хабар доданд, ки ояндаи наздик маҳдудияти таъминоти қувваи барқ дар деҳот бекор карда мешавад. Аз ҷумла, сайти интернетии Агентии иттилоотии «Авесто» хабар медиҳад, ки «Тибқи нақша маҳдудияти интиқоли қувваи барқ ба деҳоти Тоҷикистон 21 март, дар рӯзи иди Наврӯз бекор карда хоҳад шуд. Дар ин бора аз Ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» ба «Авесто» хабар доданд. Ба қавли намояндагони ширкати саҳҳомӣ, айни ҳол мутахассисони он ҳамроҳи ҳавосанҷҳо вазъи ҳаворо барои рӯзҳои оянда муайян месозанд». Роҳбари дафтари матбуоти Ширкати саҳҳомии «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки ягон корманди Ширкати саҳҳомӣ ба касе чунин хабар надодааст ва роҳбарияти ширкати саҳҳомӣ дар бораи бекор кардани маҳдудияти таъминоти қувваи барқ дар деҳоти мамлакат дастур надодааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






