МАҲДУДИЯТИ ТАЪМИНОТИ ҚУВВАИ БАРҚРО ДАР ДЕҲОТ КАСЕ БЕКОР НАКАРДААСТ

Март 5, 2010 15:00

Душанбе,  5 март. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). —  Сайтҳои  интернетии  баъзе агентиҳои  иттилоотии Тоҷикистон  хабар  доданд, ки   ояндаи наздик  маҳдудияти таъминоти  қувваи барқ дар  деҳот  бекор  карда  мешавад. Аз  ҷумла,   сайти  интернетии   Агентии  иттилоотии  «Авесто»  хабар  медиҳад, ки «Тибқи  нақша   маҳдудияти  интиқоли қувваи барқ  ба   деҳоти Тоҷикистон    21  март,  дар рӯзи  иди  Наврӯз  бекор  карда  хоҳад  шуд. Дар  ин  бора  аз  Ширкати  саҳҳомии  «Барқи тоҷик»  ба  «Авесто»  хабар доданд.  Ба  қавли  намояндагони  ширкати  саҳҳомӣ,  айни  ҳол  мутахассисони он  ҳамроҳи  ҳавосанҷҳо   вазъи  ҳаворо  барои  рӯзҳои  оянда   муайян  месозанд». Роҳбари  дафтари  матбуоти  Ширкати  саҳҳомии  «Барқи  тоҷик»  Нозир  Ёдгорӣ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод, ки  ягон  корманди  Ширкати  саҳҳомӣ ба  касе  чунин  хабар  надодааст ва роҳбарияти  ширкати  саҳҳомӣ  дар бораи  бекор  кардани  маҳдудияти  таъминоти  қувваи барқ дар  деҳоти  мамлакат  дастур  надодааст.

Март 5, 2010 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд