МАҲФИЛИ «ГАНҶИ СУХАН»
Суғд, 19 март. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).-Маҳфили «Ганҷи сухан» моҳе як маротиба доир мегардад. Ин навбат маҳфил бо ширкати адабиётшинос, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Баҳриддин Камолиддинов дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров баргузор гардид. Баҳси маҳфили «Ганҷи сухан» оиди илми дақиқ ва нуҷум қарор гирифт. Профессор Абдуманнон Насриддинов дар бораи ситорашинос Абумаҳмуди хуҷандӣ маълумот дод. Дар маҳфил инчунин дӯстдорони шеър иштирок карданд ва сухандони ширин Толиби Озарахш аз ашъори Бедил байтҳо қироат кард.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






