МАҶЛИСИ НАВБАТИИ КОРШИНОСОНИ ИДМ
Душанбе, 2 март. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Имрӯз дар шаҳри Минск маҷлиси навбатии гурӯҳи коршиносони ИДМ баргузор мегардад. Дар он матни такмилдодашудаи лоиҳаи барномаи ҳамкории давлатҳои ИДМ дар соҳаи фарҳанг муҳокима карда мешавад. Лоиҳаи барномаро гурӯҳи кории сиёсати фарҳангии давлатҳои ИДМ пешниҳод намудааст. Дар он гуфта мешавад, ки ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ҷузъи муҳимтарини таъминоти пешрафти устувор ва самарабахши иҷтимоию иқтисодии мамлакатҳои ИДМ мебошад. Ҳадафи асосии барнома ба вуҷуд овардани фазои умумии фарҳангӣ ва иттилоотии давлатҳои Иттиҳод мебошад. Ҳуҷҷат роҳу усулҳои гуногуни ҳамкории мамлакатҳоро барои ҳифз ва истифодаи ёдгориҳои таърихӣ, осори фарҳангии ниёгон, эҷодиёти халқ, беҳтар сохтани фаъолияти осорхонаҳо, китобхонаҳо, ба навор гирифтани филмҳои нав, офаридани асарҳои нави мусиқию тасвирӣ, нашри китоб, илм, маориф ва тайёр намудани кадрҳоро пешбинӣ менамояд.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






