МАҶЛИСИ УМУМИИ СОЛОНАИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРӢ
Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Имрӯз таҳти раёсати раиси Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, академик Мамадшо Илолов маҷлиси умумии солонаи Академияи илмҳо баргузор гардид. Дар он натиҷаҳои фаъолияти илмию тадқиқотии муассисаҳои академия дар соли 2009, тадбирҳои ташкилии соли гузашта ва вазифаҳои соли 2010 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз рӯи ин масъалаҳо раиси академия М.Илолов ва саркотиби илмии он, академик Ҳаким Аҳмадов маърӯза карданд. Аз ҷумла, хабар дода шуд, ки фаъолияти Академияи илмҳо соли 2009 ба анҷом додани тадқиқоти илмию амалӣ аз рӯи самтҳои афзалиятноки илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ мувофиқи Барномаи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология, омода сохтани кадрҳои варзидаи илмӣ, ҷустуҷӯ кардан ва ба даст овардани манбаъҳои иловагии бо маблағ таъмсин намудани тадқиқоти илмӣ, иҷрои созишномаю қарордодҳо ва вусъати равобити ҳамкории илмӣ равона карда шуд. Муассисаҳои илмии академия соли гузашта 101 мавзӯъро таҳқиқ карда, 4 барномаи давлатии илмию техникиро иҷро намуданд. Барои истифодаи натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ ба вазорату идораҳо 40 тавсиянома пешниҳод карда шуд. Маблағи умумии сармоягузорӣ барои таъмини фаъолияти академия дар соли 2009 – ум 13 миллиону 520 ҳазор сомониро ташкил дод. Созмонҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ соли гузашта бо ин мақсад 4 миллиону 901 ҳазору 769 доллар ҷудо карданд. Олимони академия соли гузашта 1182 асари илмӣ чоп карданд, ки аз ин ҷумла 119 китобу маҷмӯа ва 1063 мақола мебошад. Олимон соли гузашта барои амалӣ сохтани тавсияҳояшон 15 патент гирифтанд. Қайд карда шуд, ки барои беҳтар сохтани фаъолияти академия баъзе душвориҳо халал мерасонанд. Маоши ночиз, нарасидани моддаҳои зарурии химиявӣ, набудани адабиёти илмӣ, кӯҳнаю фарсуда шудани биноҳо ва ғайра аз ҳамин ҷумлаанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар маҷлиси умумии солонаи академия ба олимони ҷавон дипломҳо супорида шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






