МАҶЛИСИ УМУМИИ СОЛОНАИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРӢ

Март 4, 2010 16:45

Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). —  Имрӯз  таҳти раёсати   раиси  Академияи  илмҳои  ҷумҳурӣ,  академик  Мамадшо  Илолов  маҷлиси  умумии  солонаи  Академияи  илмҳо  баргузор  гардид. Дар он  натиҷаҳои фаъолияти  илмию тадқиқотии  муассисаҳои  академия   дар  соли  2009,  тадбирҳои  ташкилии   соли гузашта ва  вазифаҳои  соли  2010  мавриди баррасӣ  қарор  гирифтанд. Аз  рӯи  ин  масъалаҳо  раиси  академия  М.Илолов   ва  саркотиби  илмии  он,  академик  Ҳаким  Аҳмадов  маърӯза  карданд. Аз  ҷумла,  хабар  дода шуд, ки  фаъолияти   Академияи  илмҳо   соли  2009  ба  анҷом  додани  тадқиқоти  илмию  амалӣ   аз  рӯи  самтҳои  афзалиятноки   илмҳои   табиатшиносӣ,  техникӣ,  гуманитарӣ  ва  ҷамъиятшиносӣ  мувофиқи  Барномаи  стратегии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  соҳаи  илм  ва технология,  омода  сохтани   кадрҳои  варзидаи   илмӣ,  ҷустуҷӯ  кардан  ва ба даст  овардани   манбаъҳои   иловагии  бо  маблағ  таъмсин  намудани тадқиқоти  илмӣ, иҷрои  созишномаю  қарордодҳо  ва  вусъати  равобити   ҳамкории  илмӣ  равона  карда шуд. Муассисаҳои  илмии  академия   соли  гузашта  101  мавзӯъро  таҳқиқ  карда,  4  барномаи давлатии  илмию  техникиро  иҷро намуданд. Барои  истифодаи  натиҷаҳои  тадқиқоти  илмӣ  ба  вазорату  идораҳо 40 тавсиянома  пешниҳод  карда шуд.  Маблағи  умумии  сармоягузорӣ  барои таъмини   фаъолияти  академия  дар  соли  2009 – ум  13  миллиону  520  ҳазор  сомониро ташкил  дод. Созмонҳои   байналмилалӣ  ва  хориҷӣ   соли  гузашта бо  ин  мақсад 4  миллиону  901  ҳазору  769  доллар  ҷудо  карданд. Олимони  академия   соли  гузашта  1182 асари  илмӣ  чоп  карданд, ки  аз  ин ҷумла 119  китобу  маҷмӯа ва  1063  мақола  мебошад. Олимон  соли гузашта  барои  амалӣ  сохтани  тавсияҳояшон  15  патент  гирифтанд. Қайд  карда  шуд, ки  барои  беҳтар  сохтани  фаъолияти  академия   баъзе  душвориҳо  халал  мерасонанд.  Маоши  ночиз,  нарасидани  моддаҳои  зарурии  химиявӣ,   набудани  адабиёти  илмӣ,  кӯҳнаю  фарсуда  шудани    биноҳо   ва  ғайра  аз  ҳамин  ҷумлаанд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки   дар  маҷлиси  умумии  солонаи   академия  ба   олимони  ҷавон  дипломҳо  супорида шуданд.

Март 4, 2010 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад