МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН 3 МЛРД.СОМОНӢ ФОИДА ДИДАНД

Март 16, 2010 09:20

Душанбе, 16 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти муовини сардори Раёсат оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Одинашо Муродов, амалӣ  шудани қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба камхарҷ гузаронидани маъракаҳо сол ба сол мусоидат карда, барои сарфаи молу маблағи  шаҳрвандон шароит фароҳам меорад. Агар то давраи қабули қонуни мазкур  барои 144 ҳазору 627 маъракаҳо    бештар аз 1 миллиарду 265 млн. сомонӣ сарф шуда бошад, пас барои баргузории ин миқдор маъракаҳо  соли 2009  ҳамагӣ 415 млн.875 ҳазору 937 сомонӣ харҷ гардидааст, ки зиёда аз 849 млн.628 ҳазор сомонӣ ба манфиати шаҳрвандони ҷумҳурӣ сарфа гардидааст. Аз даври қабули қонун агар ҳамаи он сарфаю сариштакориҳо  ба ҳисоб гирифта шаванд, дар баргузории 385 ҳазор маърака ва маъракаҳои иловагии манъгардида,  зиёда аз 3 млрд. 600 млн. сомонӣ ба манфиати мардум сарфа гардидааст.

Март 16, 2010 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд