МАШВАРАТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИҚТИСОДӢ
Душанбе, 5 март. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Маскав машварати навбатии байналмилалии иқтисодии давлатҳои аъзои ИДМ кушода шуд. Дар он роҳу усулҳои амалӣ сохтани барномаи стратегии рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил то соли 2020 муҳокима карда мешавад. Машварат таҳти унвони «Ташаббусҳои нав дар соли раёсати Федератсияи Русия дар ИДМ» гузаронида мешавад. Дар машварат роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, тиҷоратӣ ва бонкҳои ИДМ иштирок доранд. Аз Тоҷикистон дар машварат намояндаи доимии ҷумҳурӣ дар ИДМ ва Ҷомеаи иқтисодии Евразия Файзулло Холбобоев ва аъзои Палатаи савдо ва саноати мамлакат ширкат меварзанд. Иштирокчиёни машварат масъалаҳои ҳамкориро дар соҳаҳои истеҳсоли сӯзишворию энергетика, нақлиёт, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, ҳамкории молиявӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, дорусозӣ, биологӣ ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






