МАШВАРАТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИҚТИСОДӢ

Март 5, 2010 14:21

Душанбе,  5 март. (АМИТ «Ховар», Покиза  Маҳмадбекова). — Имрӯз  дар  Маскав машварати  навбатии  байналмилалии  иқтисодии  давлатҳои  аъзои  ИДМ  кушода  шуд. Дар  он  роҳу усулҳои амалӣ  сохтани  барномаи  стратегии  рушди  иқтисодии  Иттиҳоди  Давлатҳои  Мустақил  то  соли  2020  муҳокима  карда  мешавад.  Машварат  таҳти  унвони «Ташаббусҳои нав   дар  соли раёсати Федератсияи  Русия  дар  ИДМ»  гузаронида  мешавад. Дар  машварат  роҳбарони  мақомоти  ҳокимияти  давлатӣ,  созмонҳои  ҷамъиятӣ,  тиҷоратӣ  ва  бонкҳои  ИДМ  иштирок  доранд. Аз  Тоҷикистон  дар  машварат   намояндаи  доимии  ҷумҳурӣ  дар  ИДМ ва Ҷомеаи  иқтисодии  Евразия  Файзулло  Холбобоев  ва  аъзои Палатаи  савдо  ва  саноати  мамлакат  ширкат  меварзанд. Иштирокчиёни  машварат  масъалаҳои  ҳамкориро   дар  соҳаҳои   истеҳсоли  сӯзишворию  энергетика,  нақлиёт,  истеҳсоли  масолеҳи  бинокорӣ,  ҳамкории  молиявӣ,  истифодаи  технологияҳои  иттилоотӣ,  дорусозӣ,  биологӣ  ва  ғайраро  мавриди  баррасӣ  қарор  медиҳанд.

Март 5, 2010 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад