МАШВАРАТИ ВАЗИРОНИ ФАРҲАНГИ ДАВЛАТҲОИ СҲШ ДАР ПЕКИН
Пекин, 19 март. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Аз 25 то 30 марти соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин — шаҳри Пекин машварати 7 – уми вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад. Дар он вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошохрух Асрорӣ иштирок хоҳад кард. Зимни машварат масъалаҳои мубодилаи маълумот дар бораи ҷараёни иҷрои нуктаҳои созишномаи ҳукуматҳои мамлакатҳои аъзои СҲШ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг, вусъати минбаъдаи равобити дуҷонибаю бисёрҷонибаи мамлакатҳои аъзои созмон дар соҳаи фарҳанг, пешниҳоди вазорати фарҳанги Чин дар бораи гузаронидани анҷумани нахустини ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг нимаи дуюми соли 2010 дар шаҳри Санёи ҷазираи Хайнан бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои СҲШ, инчунин мӯҳлат ва ҷои гузаронидани машварати навбатии вазирони фарҳанги давлатҳои СҲШ муҳокима карда мешаванд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






