МОҲИ МАРТ СЕРБОРИШ МЕШАВАД
Душанбе, 11 март. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). – Агентии ҳавосанҷии Тоҷикистон пешгӯӣ мекунад, ки дар давоми моҳи март дар минтақаи кӯҳистон боронҳои шадид ва барфи зиёд меборад. Миқдори боришҳо дар давоми моҳ нисбат ба шароити муқаррарии обу ҳаво ду баробар зиёд гардида метавонад. Қайд карда мешавад, ки ғафсии қабати барф айни ҳол дар сарчашмаи дарёҳои Панҷ, Вахш, Варзоб ва Зарафшон нисбат ба солҳои гузашта хеле зиёд мебошад. Ҳавосанҷҳо пешгӯӣ мекунанд, ки бориши зиёди барфу борон ва об шудани барф дар давоми моҳҳои марту апрел ва ҳатто май сабаби рух додани фалокатҳои гуногун гардида метавонанд. Аз ҷумла, дар ағбаҳои Анзоб, Шаҳристон, минтақаи Рашт ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ фуромадани барфу тарма пешгӯӣ карда мешавад. Инчунин дар ноҳияҳои Айнӣ, Ховалинг, Мӯъминобод, Сангистон ва Восеъ эҳтимоли омадани сел ва обхезӣ вуҷуд дорад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки рӯзҳои аввали моҳи март дар ноҳияҳои Шуғнону Ишкошим ва ағбаи Шаҳристон бар асари фуромадани тарма 4 нафар ҳалок гардид.








Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст






