МОҲИ МАРТ СЕРБОРИШ МЕШАВАД

Март 11, 2010 14:33

Душанбе,  11 март. (АМИТ «Ховар», Наталя  Михайлова). – Агентии  ҳавосанҷии  Тоҷикистон  пешгӯӣ  мекунад, ки   дар давоми  моҳи  март  дар  минтақаи  кӯҳистон боронҳои  шадид  ва  барфи  зиёд  меборад.  Миқдори  боришҳо  дар  давоми  моҳ  нисбат ба  шароити  муқаррарии  обу  ҳаво  ду баробар  зиёд   гардида  метавонад. Қайд  карда  мешавад, ки  ғафсии  қабати  барф  айни  ҳол  дар  сарчашмаи   дарёҳои  Панҷ, Вахш, Варзоб  ва  Зарафшон   нисбат ба  солҳои  гузашта  хеле  зиёд  мебошад. Ҳавосанҷҳо  пешгӯӣ  мекунанд, ки  бориши  зиёди  барфу  борон   ва  об  шудани  барф  дар  давоми  моҳҳои  марту  апрел  ва  ҳатто  май   сабаби  рух  додани  фалокатҳои гуногун   гардида  метавонанд. Аз  ҷумла,  дар  ағбаҳои  Анзоб,  Шаҳристон, минтақаи  Рашт  ва  ноҳияҳои  ғарбии  ВМКБ  фуромадани   барфу  тарма   пешгӯӣ  карда  мешавад.  Инчунин   дар   ноҳияҳои  Айнӣ,  Ховалинг,  Мӯъминобод,  Сангистон ва  Восеъ эҳтимоли   омадани  сел  ва обхезӣ  вуҷуд  дорад. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  рӯзҳои  аввали  моҳи  март  дар  ноҳияҳои  Шуғнону Ишкошим ва  ағбаи  Шаҳристон бар  асари  фуромадани  тарма 4  нафар  ҳалок  гардид.

Март 11, 2010 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад