МО БА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ОБ ТАЙЁРЕМ?
Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз соли 1993 инҷониб ҳар сол рӯзи 22 – юми март ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии об, ки аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ эълон гардидааст, ҷашн гирифта мешавад. Соли ҷорӣ ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии об даъват ба амал оварда шудааст, ки ба мардум дар бораи алоқамандии об дар соҳаи экологии кишвар ва об ҳамчун неъмати бебаҳо барои инсон дар табиати зинда иттилооти бештаре дода шавад. Боиси тазаккур аст, ки ҳамасола танҳо як рӯз – 22 – юми март аз Рӯзи умумиҷаҳонии об ёдовар шуда, баъдан аз хотирҳо фаромӯш мегардад. Бисёриҳо мебинанд, ки дар кӯча, ҳавлӣ, ташноб ва ҷойҳои дигар аз ҷумаки лӯлаҳои об беист оби софи ошомиданӣ чорист, вале ба хаёли касе манъ намудани оби беҳуда ҷоришаванда намерасад. Ҳисоб карда шудааст, ки дар сурати аз як ҷумак дар як соат рехтани 350 – 400 литр об, метавонад дар як рӯз 7 – 8 ҳазор ва дар як сол беш аз 100 ҳазор литр оби нӯшокӣ беҳуда масраф шавад, ки барои он 2 ҳазор киловатт соат нерӯи барқ ва 50 килограмм коагулент сарф мешавад, ки маблағи он баробари нафақаи 2 нафар нафақахӯр дар як сол аст Акнун худ ба он чиз қазоват намоед, ки агар дар ҳудуди ҷумҳурӣ шумораи ин ҷумакҳои беназорат аз 10 ҳазор зиёд бошад, дар як сол он кадар маблағ сарф карда мешавад, ки бо он се нерӯгоҳи ҳар кадом дорои 500 кило ватта бунёд намудан мумкин. Мо танҳо ҳамон вақт метавонем Рӯзи умумиҷаҳонии обро ҷашн гирем, ки ба ҳамаи ин бесарусомониҳо дастҷамъона мубориза барем ва обро ҳамчун мӯъҷизаи нотакрор ҳифз намоем.








Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ






