МО БА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ОБ ТАЙЁРЕМ?

Март 12, 2010 11:28

Душанбе, 12 март. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз соли 1993 инҷониб ҳар сол рӯзи 22 – юми март ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии об, ки аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ эълон гардидааст,  ҷашн гирифта мешавад. Соли ҷорӣ ба муносибати  Рӯзи умумиҷаҳонии об даъват ба амал оварда шудааст, ки ба мардум дар бораи алоқамандии об дар соҳаи экологии кишвар ва об ҳамчун неъмати бебаҳо барои инсон дар табиати зинда иттилооти бештаре  дода шавад. Боиси тазаккур аст, ки ҳамасола танҳо як рӯз – 22 – юми март аз Рӯзи умумиҷаҳонии об ёдовар шуда, баъдан аз хотирҳо фаромӯш мегардад. Бисёриҳо мебинанд, ки дар кӯча, ҳавлӣ, ташноб  ва ҷойҳои дигар аз ҷумаки лӯлаҳои об беист оби софи ошомиданӣ чорист, вале ба хаёли касе манъ намудани  оби беҳуда ҷоришаванда намерасад. Ҳисоб карда шудааст, ки дар сурати аз як ҷумак дар як соат рехтани 350 – 400 литр об, метавонад дар як рӯз 7 – 8 ҳазор ва дар як сол беш аз 100 ҳазор литр оби нӯшокӣ  беҳуда масраф шавад, ки барои он 2 ҳазор киловатт соат нерӯи барқ ва 50 килограмм коагулент сарф мешавад, ки  маблағи он баробари  нафақаи 2 нафар нафақахӯр дар як сол аст Акнун худ  ба он чиз қазоват намоед, ки агар дар ҳудуди ҷумҳурӣ  шумораи ин ҷумакҳои беназорат аз 10 ҳазор зиёд бошад, дар як сол он кадар маблағ сарф карда мешавад, ки бо он се нерӯгоҳи ҳар кадом дорои 500 кило ватта бунёд намудан мумкин. Мо танҳо ҳамон вақт метавонем  Рӯзи умумиҷаҳонии обро ҷашн гирем, ки ба ҳамаи ин бесарусомониҳо дастҷамъона мубориза барем ва обро ҳамчун мӯъҷизаи нотакрор ҳифз намоем.  

Март 12, 2010 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид